Ссылки доступа

Ҳамла ба фаъоли мадании қазоқ дар зиндон


Наздикони фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Тимур Данебоев мегӯянд, ӯ дар маҳбас мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Марат Данебоев, бародари Тимур гуфт, ҳодиса 2 март замоне рух дод, ки фаъоли маданӣ ҳаққи дархости озодии пеш аз муҳлатро ба даст оварда буд.

"Ҳамутоқаш ҷанҷол ва ба Тимур ҳамла мекунад. Ӯ чандин бор ба яке аз ҳамутоқони дигараш низ ҳамла кардааст. Вале муҳофизон нодида мегиранд. Вақте миёни Тимур ва ӯ ҷанҷол сар мезанад, муҳофизон зуд омада, ба қайд мегиранд ва дар парвандааш ҳамчун "кирдори манфӣ" сабт менамоянд", - изҳор дошт бародари Темур.

Ба гуфтаи Марат Данебоев, пушти ҳамла сардори бахши фаврии зиндон, ки ӯ қаблан тавассути маҳбусони дигар Тимурро таҳдид карда буд, меистад.

Тимур Данебоев - сокини шаҳри Остона ва фаъоли шаҳрвандӣ баъди он маъруф гардид, ки талош дошт, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро барои изҳороташ дар бораи "20 ҳазор террорист" дар ҳодисаҳои январии соли 2022 ба додгоҳ кашад.

Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳ Тимур Данебоевро бо айби барангехтани адоват се сол зиндонӣ кард. Ӯро барои ҳарфҳояш дар мавриди танқиди ҳукумат, ҳамлаи Русия ба Украина ва воридшавии неруҳои СПАД ба Қазоқистон дар моҳи январи соил 2022 ба додгоҳ кашиданд.

Тимур Данебоев шомили рӯйхати "зиндониёни сиёсӣ" шудааст. Ин рӯйхатро ҳомили ҳуқуқи қазоқистонӣ тартиб медиҳанд.

XS
SM
MD
LG