Ссылки доступа

Таҷаммӯи аъзои "Гурӯҳи 24" дар назди консулгарии Туркия дар Олмон


Аъзои "Гурӯҳи 24", як ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, дар назди консулгарии Туркия дар шаҳри Ҳюрти Олмон таҷаммуъ карданд.

Онҳо рӯзи 14-уми март аз намояндагони Туркия хостанд, ки дар куҷо будани раҳбарашон Сӯҳроб Зафар ва намояндаи дигари созмон Насимҷон Шарифовро маълум кунанд.

Насимҷон Шарифов дар моҳи феврали имсол ва Сӯҳроб Зафар дар моҳи март дар шаҳри Истанбул бенишон шуданд. Кӯшиши ёфтани онҳо то ин дам натиҷа надодааст.

Намояндагони созмони мухолиф тахмин мезананд, ки эҳтимол онҳо рабуда шудаанд, “чун вақтҳои охир аз тарафи намояндагони Тоҷикистон паёмҳои таҳдидомез мегирифтанд”. Вале дар Душанбе ва Анкара дар ин маврид ҳарфе нагуфтаанд.

Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи "Гурӯҳи 24", рӯзи 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди чаҳор соат дар саҳни консулгарии Туркия дар шаҳри Ҳюрт бо шиору акс истоданд.

"Муроҷиатномаи худро дар сандуқи номаҳои пушти дари консулгарӣ гузоштем. Рӯзи 15-уми март дар назди сафорати Туркия дар Вена ҷамъ меоем. Дар ҳар куҷое, ки сафорати Туркия ҳаст, меравем, то аз ҷой ва шароити нигаҳдории раҳбарамон Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар Туркия огоҳ шавем,” – мегӯяд Саидӣ.

Сӯҳроб Зафар дар моҳи октябри соли 2014 аз Тоҷикистон ба Туркия кӯчид. Вай чанд дафъа дастгир, аммо озод шуда буд.

Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру озод шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳро дар Боздоштгоҳ гузаронд. Маълум нест, ин дафъа низ дастгир шудааст ё ба мушкили дигаре дучор шуда.

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нопадид шудани ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон "ҷиноят ва мояи нигаронии амиқ аст". Ӯ аз мақомоти Тоҷикистону Туркия хост, ки ҳарчи зуд макони нигаҳдории онҳоро эълом кунанд.

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузашта дар як гузорише гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти қудрат мухолифонро дар хориҷа ҳам ором намегузорад ва ҳадаф гирифта, саркӯб мекунад.

Туркия аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар бозорҳои кишвар хариди молу маҳсулоти туркӣ зиёд ба назар мерасад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи январи соли 1992 барқарор шудааст.

Тоҷикистон дар солҳои охир бо дархости Туркия литсейҳои вобаста ба Фатҳулло Гулен, рӯҳони турк ва мухолифи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро баст ва камаш ду намояндаи ин созмонро ба Анкара таслим кард.

XS
SM
MD
LG