Ссылки доступа

Дар меҳмонхонае дар Ҳинд ҷасади шаҳрванди Узбекистонро пайдо карданд


Дар меҳмонхонаи дар шаҳри Бангалори Ҳинд ҷасади шаҳрванди 27-солаи Узбекистонро пайдо кардаанд. Ин зан бо визаи сайёҳӣ чаҳор рӯз пеш аз маргаш ба Ҳинд рафтааст.

Аз ин шаҳрванд З.Ж., соли таваллудаш 1997, сокини вилояти Қашқадарёи Узбекистон ном бурда мешавад.

Расонаҳои Ҳинд навиштанд, ки эҳтимоли куштор бо роҳи бӯғӣ кардани ин шаҳрванд баррасӣ мешавад. Ба илова, телефон ва василаҳои гаронбаҳои шаҳрвандро рабудаанд. Пулис ба ҷустуҷӯӣ гумонбарон, аз ҷумла ду корманди меҳмонхона шуруъ кардааст, ки шаби чаҳоршанбе нопадид шудаанд.

Мақомоти дипломатии Узбекистон дар ҷараёни ҳодиса ҳастанд ва пайвандони ин шаҳрвандро меҷӯянд.

XS
SM
MD
LG