Ссылки доступа

Дастаи посдорони сулҳи қазоқистонӣ ба баландиҳои Ҷулон расиданд


Низомиҳои қазоқистонӣ ба баландиҳои Ҷулон расиданд. Дар ин бора аз вазорати мудофиаи Қазоқистон рӯзи 16 март хабар доданд. Онҳо нахуст ба шаҳри Димишқ Сурия рафта ва аз онҷо бо мошин то пойгоҳи ҳифзи сулҳи Фавар расидаанд.

Ба ин пойгоҳ ҳамчунин техникаи низомӣ ва амволе расонида шудааст, ки барои иҷро вазифаҳои низомиёни қазоқистонӣ зарур ҳастанд, омадааст дар хабари вазорати мудофиаи Қазоқистон.

Дастаи қазоқистонӣ аз 139 низомӣ иборат аст. Ин низомиҳо бо мошинҳои зиреҳпӯш, мошинҳои борбари навъи КамАЗ, микроавтобус ва дигар техника таъмин ҳастанд.

Вазорати мудофиаи Қазоқистон ҳанӯз 20-уми феврал эълом карда буд, ки посдорони сулҳи ин кишвар барои анҷоми маъмурият дар баландиҳои Ҷулон, дар марзи Исроил бо Сурия омода ҳастанд.

"Ҳукумати Қазоқистон ва Созмони Милал ахиран дар қароргоҳи созмон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико барои шомил кардани посдорони сулҳ ба маъмурияти Нерӯҳои назоратии СММ дар баландиҳои Ҷулон ёддошти тафоҳуме ба имзо расониданд", - омада буд дар иттилоияи вазорат.

Дар вазорат гуфтанд, маъмурияти посдорони сулҳи Қазоқистон аз 139 низомӣ иборат буда, вазифаи онҳо “нигаҳ доштани низоми оташбас миёни ҷонибҳои даргир дар минтақа аст".

Пештар мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки мехоҳанд дар ҳайати посдорони сулҳи СММ ба баландиҳои Ҷулон то 430 низомӣ фиристанд.

Баландиҳои Ҷулон минтақае дар марзи Сурия ва Исроил аст. Он баъди ба поён расидани ҷанги шашрӯза дар соли 1967 ба ихтиёри Исроил гузашт, аммо бештари кишварҳои ҷаҳон баландиҳоро ҷузъи қаламрави Исроил намеҳисобанд.

XS
SM
MD
LG