Хабаргузории ТАСС бо такя ба корманди Вазорати умури дохилии Русия Ирина Волк иттилоъ дода, ки шаҳрванди Узбекистон 15 март дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ба мақомоти интизомии Туркия супурда шудааст.
Ба иддаои мақомоти Туркия, Аминов моҳи июли соли 2019 молики меҳмонхонаеро, ки дар он кор мекард, ҳамроҳи як шарикаш кушта, фирор кардааст.
"Ҳасанҷон Аминов моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Қазон дастгир шуда буд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Русия.