Ссылки доступа

Иддае аз қазоқистониҳо зидди иваз кардани нишони давлатӣ ҳастанд


Каржаубой Сарткожаулӣ, профессор, доктори илмҳои таърих бар ин назар аст, ки Қазоқистон бе иваз кардани нишони давлатӣ ҳам мушкили зиёде дорад. Ин донишманд зидди пешниҳоди президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев оид ба иваз кардани нишони давлатӣ аст.

"Мо акнун аз истеъмор берун меоем ва ин беақлӣ хоҳад буд, агар қадами носанҷидае сурат гирад. Биёед аз нуқтаи назари солим ба ин нигоҳ мекунем. Дар нишони давлатӣ ҳамаи рамзҳои миллии мо ҷамъ шудааст", - гуфт ин донишмани қазоқистонӣ.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 15 март пешниҳод кард, ки нишони давлатии кишвараш иваз карда шавад. Вай гуфт, нишони давлатии Қазоқистон "мураккаб ва нофаҳмост ва нишонаҳои даврони шӯравиро дорад".

Ин пешниҳоди Тоқаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни қазоқистониҳо баҳсҳои гармеро ба бор овардааст.

Нишони давлатии Қазоқистон расман соли 1992 қабул шудааст. Соли 2019 номи Қазоқистон дар нишони давлатӣ аз килирӣ ба лотинӣ иваз шуд.

XS
SM
MD
LG