Додгоҳ ному насаби маҳкумшуда ва кӯдаки кушташударо ошкор накардааст.
Расонаҳо менависанд, гап дар бораи фаъоли шаҳрвандӣ Балжан Турлибек меравад. Ӯро дар куштори Карина Закураеваи ҳафтсола айбдор мекунанд. Маросими дафни ин кӯдак ҳанӯз моҳи июли соли 2023 баргузор шуда буд.
Бино ба ҳукми додгоҳ, маҳкумшуда Т. аз соли 2022 бо марде зиндагӣ мекард, ки аз ҳамсари аввалаш як духтар дошт.
Тобистони соли 2023 Т. ҳангоми бо духтари ноболиғ дар хона танҳо буданаш ӯро бераҳмона латту кӯб кардааст ва кӯдак аз ҷароҳатҳои бардоштааст фавтидааст.