Хоҳари Муродов, Фариза Норбекова ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки додситонӣ мехоҳад, бародараш то 12 моҳ дар ҳабс монад.
Дархости додситонӣ дар ин бора ба додгоҳ пешниҳод шудааст ва акнун додгоҳ тасмим хоҳад гирифт, ки Муродов дар ҳабс бимонад, ё не. Интизор меравад, додгоҳ дархости додситонӣ 27 март баррасӣ кунад.
Расонаҳо ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки ба Муродов шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ дар Қазоқистон дода шудааст.
Оқилбек Муродов бо дархости Узбекистон дар Алмато боздошт шудааст ва зидди ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ бахшида ба ҳаводиси Нуқус ва нашри видеои суханронии ҳамватанаш Қошқарбой Торемуратов дар конфронси САҲА айб эълом гаштааст.