"Ин доруро дар ҷаҳон танҳо ду давлат - Қазоқистон ва як кишвар аз Амрикои Лотинӣ харидорӣ кардааст. Муассир будани он маълум нест ва ҳанӯз аз озмоиши клиникӣ нагузаштааст. Табибон ва беморон дар ҳайратанд", - изҳор дошт вакили қазоқ дар ҷаласаи порлумонии рӯзи душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, арзиши инсулини чинӣ аз аврупоӣ тақрибан фарқе намекунад.
Нурумова афзуд, ки соли 2014 дар Қазоқистон инсулини истеҳсоли аврупо ба қайд гирифта шуда буд ва онро барои кудакони аз яксола боло иҷозат додаанд. Ӯ мегӯяд, ин дору соли гузашта ба рӯйхати кумакҳои ройгони тиббии давлатӣ шомил шуда буд, вале беморон бо сабабҳои номаълум наметавонанд инсулини аврупоиро дастрас кунанд.
Вазири тандурустии Қазоқистон тасдиқ кард, ки аз Чин инсулин мехаранд ва бастаи аввали онро соли гузашта харидорӣ карда буданд. "Дар давоми як соли гузашта таъсири манфии дору дар ягон бемор сабт нашудааст", - афзуд вазир.