Сиёсатшиноси рус Андрей Серенко дар канали телеграмии худ хабар дод, ки як чархболи низомии марбут ба гуруҳи Толибон дар марзи Афғонистон бо Узбекистон сарнагун карда шудааст.
"Бино ба маълумоти дарёфтӣ, чархбол аз Мазори Шариф ба Бадахшони Афғонистон парвоз мекард. Он чи гуна ба ҳарими ҳавоии Узбекистон ворид шудааст, маълум нест. Дар дохили чархбол беш аз 15 кас ҳузур дошт", - навишт Серенко.
Сиёсатмадор дертар навишт, ки намояндагони Толибон бо ӯ тамос гирифта, гуфтаанд, ки хабари сарнагун шудани чархболи низомии онҳо дар марзи Узбекистон дуруғ аст.