Расонаҳои русӣ, аз ҷумла канали "Авиаторщина" дар паёмакрасони Телеграм хабар дод, ки ҳавопаймои "Airbus A321neo" ширкати "Уралские авиалинии" бо 92 мусофир шоми 18 март аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба шаҳри Кулоби Тоҷикистон парвоз кард.
Яке аз мусофирон дар роҳ худро бад ҳис кардааст. Манбаъ афзуда, ки вазъи мусофир бо вуҷуди он ки роҳбаладон ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонданд, бадтар шудааст.
Дар натиҷа халабонҳо маҷбур шудаанд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Самара нишасти ғайринақшавӣ анҷом диҳанд.
Талошҳои табибон низ натиҷа надодааст ва мусофир ҷон бохтааст. Ҳавопаймо ду соат баъд парвозашро ба Тоҷикистон идома додааст.