Хадамоти матбуотии Вазорати об ва обёрии Қазоқистон хабар додааст, ки ҷонибҳо маълумот дар бораи ҳаҷми оби истифодашударо онлайнӣ табодул мекунанд.
Мутахассисони Қазоқистон ва Узбекистон дар ҳоли ҳозир баррасӣ доранд, ки ҳисобкунакҳои обиро дар куҷо насб кунанд. Ҳамчунин гуфтугӯҳо барои ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ба ин тарҳ ҷараён дорад.
Қаблан гуфта шуд, ки Қазоқистон мехоҳад, ба созишномаи истифодаи захираҳои обу энергетикии ҳавзаи Сирдарё бо Қирғизистон ва Узбекистон тағйирот ворид кунад.
Ҳамчунин Қазоқистон тасмим дошт, бо ҳукумати Узбакистон созишномаеро дар бораи идора ва истифодаи муштараки обҳои фаромарзӣ ба имзо расонад.
Тибқи пешгӯиҳои иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳои Осиёи Марказӣ то соли 2040 фишор ба захираҳои об 2,8 маротиба афзоиш меёбад.