Ссылки доступа

Дар Тошканд як зан ҷияни 7-солаашро то дами марг латтукӯб кардааст


Як зан дар ноҳияи Буқаи вилояти Тошканди Узбекистон ҷияни 7-солаи худро то дами марг латтукӯб кардааст.

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, як зану шавҳар аз ноҳияи Бекободи Тошканд ду духтарчаи худро дар хонаи хешашон, сокини ноҳияи Буқа Н.И. гузошта, барои кор ба Русия рафтаанд.

Манбаъ афзуда, ки духтарон ҳар рӯз аз сӯи соҳибхона мавриди фишори ҷисмонӣ қарор мегирифтаанд. Гумонбар гуфтааст, 12 март ҷиняи 7-солаашро барои таёр накардани дарсҳояш бо чӯб задааст. Дар натиҷа духтарча дар беморхона бистарӣ шудааст.

Н.И. 13 март ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуда, зиддаш бо гумони «Қасдан расонидани осеби ҷисмонӣ» парванда боз гаштааст.

Духтарча 15 март, баъд аз ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхона ҷон бохтааст.

XS
SM
MD
LG