Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода, ки ин конфронс рӯзҳои 29 ва 30 майи имсол баргузор шуда, дар он роҳбарони мақомоти соҳаи нақлиёти кишварҳои хориҷи дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи конфронс масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ, мушкилоти вобаста ба таҳвили таҷҳизот, бору коло тавассути масирҳои амалкунанда ва нав баррасӣ хоҳад гашт.
Ҳамчунин баргузории вохӯриҳо бо масъулони кишварҳои хориҷи дуру наздик дар назар аст.