Ба иттилои хадамоти матбуотии кумита, шаҳрвандони Афғонистон 16 март ҳангоми "додани 5 ҳазор доллар пора ба як мансабдори ин кишвар дастгир шудаанд".
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, афғонистониҳо аз мансабдори қазоқистонӣ хостаанд, ки онҳоро тавассути фурудгоҳи Алмато бо шиносномаҳои қалбакии Испания ва Португалия ба Русия фиристад.
Кумита афзуда, ки боздоштшудаҳо мехостанд, тариқи Қазоқистон нахуст ба Русия ва аз онҷо ба кишварҳои аврупоӣ сафар кунанд.