"Мо дар доираи салоҳияти худ гуфта метавонем, ки ӯ таҳти назорат аст. Албатта, тартибот ҳаст. Ӯ ҳаққи берун рафтанро надорад, яъне дар маҳалли зисти худ ва мутобиқи қоидаҳо ба сар мебарад", - изҳор дошт ӯ.
Мақомоти додситонии Қазоқистон мегӯянд, Самат Абиш дар баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ айбдор мешавад.
Додгоҳ Самат Абишро вазифадор кардааст, ки аз маҳалли истиқоматаш берун наравад. Вай айни замон дар озодӣ ва дар Қазоқистон аст.
Самат Абиш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон баъди ҳодисаҳои маъруф ба "январӣ" барканор шуд. Нисбати вай моҳи сентябри соли 2023 парванда боз карданд.