Ссылки доступа

Видеои мулоқоти Каримов бо Тоҳир Юлдош "экстремистӣ"  эълом шудааст


Додгоҳи шаҳри Чирчики Узбекистон 18 март баррасии парвандаи сокини вилояти Тошканд Севара Шайдуллоеваро бо гумони "сӯиқасд ба сохти конститутсионии давлат" оғоз кардааст.

Дар ин бора раҳбари созмони ҳуқуқи башари "Эзгулик" дар Тошканд Абдураҳмон Ташанов хабар медиҳад.

Тибқи маводи парванда, Шайдуллоева моҳи сентябри соли 2023 видеои мулоқоти президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро бо Тоҳир Юлдош, ки соли 1991 бинои ҳукумати вилояти Намангонро ғасб карда буд, ба телефони падараш фиристодааст.

Ин видео дар Интернет 10 сол пеш нашр шуда, то ҳол дастрас аст.

Тавре дар айбнома омадааст, ин навор тибқи хулосаи ташхиси судӣ-диншиносӣ дар Узбекистон "экстремистӣ" эълом шуда, паҳн кардани он ҳамчун "ҳамла ба сохти конститутсионии давлат" арзёбӣ мешавад.

Тоҳир Юлдош - пешвои собиқи Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди сарнагун кардани Каримов ва таъсиси давлати исломиро дар он кишвар дошт, соли 2009 дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабоилнишини Покистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG