Дар ин бора вай рӯзи 20 март дар мулоқот бо масъулони ширкати чинии China State Railway Group Co., Ltd. хабар дод.
"Ҷабборов гуфт, Қирғизистон, Чин ва Узбекистон барои амалисозии ин тарҳ фаъолона пеш мераванд. Тасмими Қирғизистон қатъӣ аст ва ният дорад, ки роҳи мазкурро дар чанд соли оянда бунёд кунад", - нақли қавл кардааст маркази матбуотии президенти Қирғизистон аз Ҷабборов.
Охири моҳи декабри соли 2023 расонаҳо навиштанд, ки Қирғизистону Узбекистон ҳамоно маблағгузории сохтмони роҳи оҳанро баррасӣ доранд.
Аз рӯи нақша, роҳи оҳан дар ҳудуди Қирғизистон 311 км тӯл дошта, аз масири "Торугарт - Кош-Добо - Казарман - Ҷалолобод" мегузарад ва сохтмонаш тақрибан 4,7 млрд доллар харҷ хоҳад дошт.