Дар ин бора Давлат Сарсебоев, мудири Маркази миллии назорат ва пажуҳиши зилзилаҳо дар Қазоқистон хабар дод.
Вай гуфт, солҳои 2021-2023 25 нуқтаи назоратӣ таъсис шудааст.
Ба ҷуз ин, нашрияи Factcheck.kz навишта буд, ки дар соли 2023 вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон барои пешбинӣ ва иттилоърасонӣ дар бораи зилзила қариб 700 млн танга харҷ кардааст.
Аз ибтидои соли 2024 дар Алмато ду зилзилаи нисбатан шадидтар рух додааст. Шаби 23 январ соати 00:09 дақиқа заминларзае сабт гардид, ки марказаш 264-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Алмато буд. Дар Алмато он зилзила бо иқтидори 5 дараҷа эҳсос шуд.
4 март соати 11:12 дақиқаи рӯз зилзилаи навбатӣ рух дод, ки ин бор ҳам дар Алмато шиддати он 5 дараҷа эҳсос мешуд.