Ссылки доступа

Партоби киштии кайҳонии "Союз" аз Байконур чанд сония пеш аз парвоз бекор шуд


Партоби мушаки киштибари "Союз-2.1а" бо киштии озмоишии "Союз МС-25" аз космодроми Байконури Қазоқистон ба Истгоҳи байналхалқии кайҳонӣ чанд сония пеш аз парвоз бекор карда шуд.

Партоби мушак бояд соати 16:21 дақиқаи вақти Маскав шуруъ мешуд. Чанд дақиқа пеш аз партоб эълом шуд, ки партобе сурат намегирад.

Дар дохили "Союз" Олег Новитскии русиягӣ, Марина Василевскаи белорус ва Трейси Дайсони амрикоӣ қарор доштанд. Василевская мебоист, нахустин кайҳоннаварди белорусӣ бошад. Вай ва Новитский мебоист, 2 апрел ба замин баргарданд.

Чанд сония баъди бекор шудани парвоз Маркази идораи парвозҳои НАСА бо кайҳоннавардон тамос гирифтааст. Кайҳоннавардон дар бехатарии комил қарор доранд. Муҳандисони "Роскосмос" ба назди киштӣ фиристода шуданд.

Иля Овчинников, блогери илмӣ хабар дод, ки қатъи садамавии муҳаррик рух додааст. Дар пахши мустақими НАСА гуфтанд, муҳаррик дар муҳлати муайяншуда ба кор надаромадааст. Партоби навбатии мушак рӯзи 23 март таъйин гардидааст.

Русия космодроми Байконури Қазоқистонро бар ивази 115 млн доллар дар сол ба иҷора гирифтааст. Шартномаи ду кишвар то соли 2050 амал мекунад.

XS
SM
MD
LG