Ссылки доступа

Ҳабси чаҳор фаъоли маданӣ дар Қазоқистон


Чанд шаҳрванди дигари Қазоқистон бо гумони нақзи қонун дар бораи ҷамъомадҳои осоишта боздошт ва ҳабс шудаанд.

Гуруҳи ҳомии ҳуқуқи "Фаъолон ифротгаро нестанд", ки таъқибҳо барои иштирок дар ҷамъомадҳои осоиштаро дар Қазоқистон пайгирӣ мекунад, дар ин бора иттилоъ додааст.

Ин гуруҳ 22 март дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм навишта, ки ду сокини шаҳри Остона Нурбек Кулишев ва Нуржан Кажигалиев 20-рӯзӣ, Уалихон Негметов аз Кокшетау 7 рӯз ва Руслан Нурканов аз Уст-Каменогорск 15 рӯз ҳабс шудаанд.

Додгоҳ ҳамаи онҳоро дар нақзи қонун "Дар бораи ҷамъомадҳои осоишта" айбдор донистааст.

Мақомоти Қазоқистон то ҳол дар бораи боздоштҳое, ки дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолӣ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз сурат гирифтаанд, расман иттилоъ надодаанд.

Гуруҳи ҳомии ҳуқуқи "Фаъолон ифротгаро нестанд" хабар дод, ки 21 март, дар рӯзи эҳтимолии баргузории тазоҳурот дар чандин шаҳрҳои Қазоқистон, аз ҷумла Уралск ва Талғар ҳузури кормандони пулис дар назди манзилҳои зисти фаъолони он мушоҳида шудааст.

Қаблан дар бораи боздошти як фаъоли дигари гуруҳ аз Чимкент Ермек Коншбоев хабар дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG