Ссылки доступа

"Қазияи Кампиробод": Парвандаи се гумонбар қатъ шудааст


Фаъоли мадании қирғизистон Илгиз Шаменов, ки дар доираи "парвандаи Кампиробод" дар ҳабс қарор дорад, гуфт, парвандаи ҷиноӣ алайҳи се гумонбар қатъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Қирғизистон моҳи октябри соли 2022 зидди 29 кас парвандаи ҷиноӣ боз ва 27 гумонбарро ҳабс карданд. Муфаттишон дертар парвандаи се касро аз дигарон ҷудо ва қатъ кардаанд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд. Додгоҳ то ҳол чандин бор ҳабси онҳоро тамдид кардааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи боздошти гумонбарон гуфта буд, "онҳо мардумро ба шӯр” оварда, талош карданд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG