Дар фармоне, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 март имзо кард, гуфта мешавад, “BYD” аз ҳукумати Узбекистон дархост карда, ки воридоти мошинҳои барқии ин ширкатро ба қаламрави худ манъ кунад. Зеро гӯиё “навъи мошинҳои воридотӣ ба иқлим ва шароити роҳҳои маҳаллӣ мутобиқ нестанд”.
Аммо ин дархости “BYD” то ҳол расман на аз сӯи ширкат ва на аз сӯи ҳукумати Узбекистон нашр карда нашудааст.
Тибқи фармон, ниҳодҳои дахлдори Узбекистон бояд то 1 июли имсол пешниҳодҳои худро дар бораи танзими воридоти мошинҳои барқӣ ва ҳибридии навъи “BYD” ба ҳукумати ин кишвар ироа кунад.
Фаъолон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон бар ин назаранд, ки ҳадафи ҳукумат тақвияти монополияи “Узавтосаноат” дар бозори мошини ин кишвар аст.
“Узавтосаноат” ширкати холдингиест, ки корхонаҳои мошинсозӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётиро дар Узбекистон дар ихтиёр дорад.