Масъулони намояндагии СММ аз мақомоти Қазоқистон даъват кардаанд, ки баррасии дархостҳои паноҳандагии фаъолони қарақалпоқистонӣ тибқи қонунҳои милливу байналмилалӣ ва “тавассути расмиёти одилонаву босамар" баррасӣ карда шавад.
Матни муроҷиатномаи намояндагии СММ-ро расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ нашр кардаанд.
Дар нома гуфта шудааст, ки фаъолони қарақалпоқ Жангелдӣ Жаксимбетов, Райса Худайбергенова, Зиуар Мирманбетова ва Тлеубике Юлдошева соли 2022 боздошт шуда, ба далели талаби истирдоди онҳо ба Узбекистон 12 моҳ аст, дар ҳабс ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ кардаанд.