Ба далели иштибоҳи фаннии барномаи "Реал Софт", се моҳи ахир ҳазорон соҳибкор наметавонанд, кумакҳои давлатиро дарёфт кунанд ва мураббиёни боғчаҳо маош гиранд.
Садҳо соҳибкор, ки муфлис шудаанд, ба девони вазирон ва вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон шикоят бурдаанд.
Барои ғизои ҳар кӯдаки боғча давлат 12,7 ҳазор сӯм ҷудо мекунад.
Ин низом моҳи августи соли 2022 бо фармони президенти он кишвар роҳандозӣ шудааст.
Ҳадаф аз ин низом фаро гирифтани ҳарчӣ бештари кӯдакон ба боғча, таъмини онҳо бо таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити кор барои модарони онҳо унвон мешавад.
Дар Узбекистон теъдоди боғчаҳое, ки дар асоси шарикии давлат бо бахши хусусӣ бунёд шудаанд, ба бештар аз 27 ҳазор мерасад.
Бештаре аз ин боғчаҳо дар деҳот бунёд шудаанд.