Ссылки доступа

Як устоди мусиқиро дар Тошканд бо айби дастдарозӣ ба кӯдаки 12-сола 8 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 25 март ҳукми устоди 67-солаи мусиқиро содир кард. Вай дар талоши таҷовузи хонандаи 12-сола айбдор шуд.

Ба иттилои додгоҳ, Александр Султонов ба нафақа баромада, дар манзилаш дарсҳои хусусии мусиқӣ медодааст. Ҳангоми яке аз дарсҳо талош кардааст, ки духтари 12-соларо таҷовуз кунад.

Модари ин духтар ҳанӯз моҳи майи соли гузашта аз болои устоди мусиқӣ ба додгоҳ шикоят бурда буд.

XS
SM
MD
LG