Ссылки доступа

Машварати Остона барои таъмини амнияти Консорсиуми лӯлаи нафти Хазар бо Киеву Маскав


Қазоқистон дар робита ба таъмини бехатарии Консорсиуми лӯлаи нафти Хазар бо Русия ва Украина машварат мекунад.

Дар ин бора вазири энержии Қазоқистон Алмасадам Саткалиев 26 март дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

"Барои истеъмолгари байналмилалӣ, аз ҷумла аврупоӣ пеш аз ҳама кори муътадили лӯла аҳамият дорад. Мо барои таъмини амнияти лӯла бо сафоратҳои кишварҳои аврупоӣ ва ҳамкоронамон аз Русия дар тамос ҳастем. Машваратҳои ҳамсон тариқи роҳҳои дипломатӣ бо ҷониби Украина низ ҷараён доранд", - изҳор дошт ӯ.

Вазири қазоқ танаффусҳои қаблӣ дар кори лӯларо ба "омилҳои боду ҳаво" рабт дода, гуфт, таъмири нақшавии куллӣ низ дар назар аст.

Нашрияи "Financial Times" 22 март бо истинод ба манбаъҳои худ навишт, ки Амрико аз Украина даъват кардааст, то ҳамла ба зербиноиҳои энергетикии Русияро қатъ кунад. Ба гуфтаи Вашингтон, дар натиҷаи ҳамлаҳо эҳтимоли осеб дидани Консорсиуми лӯлаи нафти Хазар, ки нафти Қазоқистонро ба Аврупо интиқол медиҳад, вуҷуд дорад. Мақомоти Украина худи он рӯз ин хабарро рад карданд.

80 дарсади нафти Қазоқистон, ки ба Аврупо фурӯхта мешавад, тавассути Консорсиуми лӯлаи нафти Хазар ва аз тариқи қаламрави Русия интиқол меёбад.

XS
SM
MD
LG