Ссылки доступа

Озарбойҷон Раимбек Матраимовро ба Қирғизистон супурдааст


Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, дар пойтахти Озарбойҷон боздошт ва 26 март ба Бишкек истирдод шудааст.

Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҳамроҳи Матраимов як бародарашро ҳам боздошт ва ба Қирғизистон истирдод кардаанд.

Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки баъди ба замин нишастани ҳавопаймои масири "Боку-Бишкек" мошини қудратиҳо ба назди он рафт ва баъди чанд дақиқа онҷоро тарк кард.

Мақомоти қудратии Қирғизистон то ҳол хабари истирдоди Матраимовро шарҳ надодаанд.

Қаблан Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дода буд, ки Матраимов дар Боку аст ва аз Озарбойҷон дархост шудааст, ки вайро боздошт ва таслим кунад.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай 1 млрд 400 млн сом пули нақд ва дар ҳаҷми 600 млн сом ба давлат амвол пардохт. Матраимов дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

XS
SM
MD
LG