Ссылки доступа

Обхезиҳо дар Қазоқистон 74 сокинро беҷо кард


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 74 сокини деҳаи Кояндиро дар вилояти Оқтеппаи он кишвар баъди обхезиҳо ба ҷои амн куҷонидаанд.

Ибтидо сокинон бо талаби ба ҷои амн куҷонидан роҳро бастанд. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки мақомоти интизомӣ ба ҷои ҳодиса ирсол шудаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар дод, ки ба далели обхезӣ ҳавлии чанд манзил дар деҳаи Кояндӣ зери об мондааст.

XS
SM
MD
LG