Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон муроҷиатномаеро ба шаҳрвандони ин кишвар нашр кард, ки ба Русия равона ҳастанд ва ё дар он кишвар қарор доранд.
"Дар робита ба ҳамлаи рӯзи 22 март дар вилояти Маскави Русия дар тамоми қаламрави он кишвар тадбирҳои амниятӣ сахттан шудаанд. Мо аз шаҳрвандонамон даъват мекунем, ки талаботи бехатариро риоя кунанд", - омадааст дар хабар.
Дар тавсияҳои оҷонс омадааст, шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, санадҳои иҷозаи буду бош дар он кишварро бо худ дошта бошанд, бе сабаб ба ҷойҳои ҷамъиятӣ нараванд, бо афроди ношинос ва ё шубҳанок гуфтугӯ накунанд ва аксу видеоҳои мамнуъро дар телефонҳои худ нигаҳ надоранд.