Ин ниҳод гуфт, Матраимовро аз Озарбойҷон бо ҳавопаймо ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон овардаанд. Матраимов дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" гумонбар мешавад.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҳамроҳ бо Райимбек Матраимов се бародари вай - Руслан, Тилек ва Исломбек боздошт шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон 23 март хабар доданд, ки Матраимов дар Озарбойҷон қарор дорад.
Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.
Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай 1 млрд 400 млн сом пули нақд ва дар ҳаҷми 600 млн сом ба давлат амвол пардохт. Матраимов дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.