Ссылки доступа

Изҳороти Хадамоти алоқа: зангҳои телефониро гӯш намекунем


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, дар кишвар ҳеч гуна “қоидаҳои нави алоқа” ҷорӣ нашудааст ва зангҳои телефонӣ сабт карда намешаванд.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштае даст ба даст шуд, ки дар он омадааст, акнун дар Тоҷикистон тамоми зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва ҳам зангҳо тариқи “Вотсап” сабт карда мешавад.

Хадамоти алоқа 25-уми март дар изҳороташ ин ҳарфҳоро “комилан беасос ва гумроҳкунанда” хонд. Мақомот пахши ин гуна хабарҳоро кори дасти “гуруҳҳои манфиатхоҳ” номиданд, аммо аз ҳеч гуруҳе мушаххасан ном набурданд.

Масъалаи гӯш кардани зангҳои телефонӣ дар Тоҷикистон солҳои қабл ҳам садо додааст. Соли 2014 созмони бритониёии Privacy International ё Ҳарими хусусии байналмилалӣ навишта буд, дар Тоҷикистон полис тавони гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии мобили шаҳрвандонро тавассути дастгоҳҳои вижа дорад.

Қонуни асосии Тоҷикистон “маҳрамияти мукотиба ва суҳбатҳои телефонӣ”-ро кафолат додааст ва бидуни қарори додгоҳ гӯш кардани зангҳои телефонӣ манъ аст.

XS
SM
MD
LG