Ссылки доступа

Дар Тошканд "Рӯзи бидуни мошин" мегузарад


Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Узбекистон рӯзи 29 март дар шаҳри Тошканди он кишвар иқдоми "Рӯзи бидуни мошин"-ро мегузаронад.

Ҳадафи ин иқдом тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи муҳити зист, кам кардани теъдоди мошинҳо дар шаҳр ва рушди нақлиёти ҷамъиятӣ унвон шудааст.

Вазорат аз сокинон даъват кардааст, ки дар ин иқдом ширкат кунанд ва барои ҳаракат нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва дигар навъи нақлиёти барои муҳити зест бехатарро интихоб кунанд.

Аз ҳамаи роҳбарон ва кормандони муассисаҳои мақомоти иҷроияи Узбекистон даъват шудааст, ки дар он рӯз намунаи ибрат бошанд ва бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор раванд.

XS
SM
MD
LG