Ба иттилои расмӣ, бештари ҳолатҳои гирифторӣ (2074) дар шаҳри Бишкек, дар вилоятҳои Чуй (1522) ва Ҷалолобод (1109) сабт шудааст.
Ҳамчунин дар вилоятҳои Ӯшу Бодканд ва дигар минтақаҳои он кишвар теъдоди гуногуни гирифторони ин беморӣ сабт шудааст.
Мақомоти тиббии Қирғизистон мегӯянд, афзоиши гирифторӣ ба сурхакон ба далели он аст, ки "аксари сокинон аз гирифтани доруҳои масуниятафзо зидди сурхакон миёни кӯдакон ва калонсолон худдорӣ мекунанд".
Охири моҳи феврали соли ҷорӣ мақомоти он кишвар хабар дода буданд, ки дар Қирғизистон 4078 ҳолати мубталоӣ ба сурхакон сабт шудааст. Он замон ҳам бештари гирифториҳо ба Бишкек, вилоятҳои Чуй ва Ҷалолобод рост меомад.