Аз маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон хабар доданд, мард гуфтааст, расман бо зани дигаре дар қайди никоҳ аст ва аз вай чаҳор фарзанд дорад. Аз ҳамсари дигараш, ки бар асоси никоҳи динӣ зиндагӣ мекард, соҳиби дугоник шудааст.
Ба далели мушкили молӣ, зану мард хостаанд, навзодони худро, ки ҳар ду духтар ҳастанд, бо хонаи якҳуҷраӣ иваз кунанд. Мақомоти Узбекистон онҳоро ҳангоми дарёфти санадҳои манзил боздошт кардаанд.
Нисбати ин зану мард бо моддаи "савдои одамон" парванда боз ва мард ба шаш соли зиндон ва зан ба се соли зиндон маҳкум шудаанд.