Ссылки доступа

Дабири Amnesty International аз президенти Қирғизистон даъват кард, ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" вето гузорад


Анес Калламар, дабири кулли созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов даъват кард, ки ба қонун "дар бораи намояндагиҳои хориҷӣ" вето гузорад.

Калламар навиштааст, муҳим аст, ки роҳбари давлат ба қонун вето гузорад, зеро дар сурати қабул ин қонун "пайомадҳои нохубе барои ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон хоҳад дошт".

Пештар зиёда аз 100 созмони ғайридавлатӣ ва фаъоли шаҳрвандӣ дар Қирғизистон бо имзо гузоштан зери муроҷиатномае аз президенти он кишвар Содир Ҷабборов даъват карданд, ки ба қонун дар бораи "намояндагони хориҷӣ" вето гузорад.

Дар муроҷиатнома омада буд, созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳалли масоил ва вазифаҳои иҷтимоъ нақши калидӣ доранд.

"Бо шарофати талошҳо ва фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ теъдоди зиёде аз шаҳрвандон ба таҳсил, табобат, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар хадамоти муҳим дастрасӣ пайдо мекунанд", - омадааст дар муроҷиатнома.

Аз он пештар беш аз 30 созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов даъват карданд, ки қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро имзо накунад ва ба он вето гузорад.

Изҳороти созмонҳоро Шарикии байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR) нашр кардааст.

Ин иҳзоротро аз ҷумла Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, Шабакаи шведии САҲА, Федератсияи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва бештар аз 20 созмони дигари байналхалқии ҳомии ҳуқуқ ва озодии инсон имзо гузоштааст.

Дар изҳорот омадааст, ки қонуни мазкур хилофи уҳдадориҳои байналхалқии Қирғизистон дар мавриди ҳуқуқи инсон аст ва ин қонун метавонад, "ба ҷомеаи шаҳрвандӣ зарбаи марговар занад".

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Канада, Фаронса, Олмон, Бритониё ва ИМА дар Бишкек низ роҷеъ ба қабули лоиҳаи қонуни "намояндагони хориҷӣ" дар порлумони Қирғизистон изҳори нигаронӣ карданд.

Намояндагиҳои кишварҳои ғарбӣ дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, ки муқаррароти лоиҳаи қонун фаъолияти озодонаи созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматиро зери хатар гузошта, бо меъёрҳои байналмиллалӣ мухолифат дорад.

"Агар қонун дар шакли кунунӣ ба тасвиб расад, метавонад ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба хидматрасонии асосӣ, аз қабили ғизо, тандурустӣ ва омӯзиш аз сӯи созмонҳои ғайритиҷоративу ғайридавлатӣ эҳтиёҷ доранд, зарар хоҳад расонд", - гуфта шудааст дар изҳорот.

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 14 март тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро қабул карданд.

Муаллифи лоиҳа ва намояндаи дигари мардумии қирғиз Нодира Норматова гуфт, ин қонун барои таъмини амнияти Қирғизистон лозим аст ва он бояд 10 сол пеш қабул мешуд.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG