Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон аз мувофиқа шудани беш аз 28 километри марз хабар доданд


Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз мувофиқа шудани боз 28,37 километр хатти марз хабар доданд.

Ду ҷониб дар мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ оид ба аломатгузории марз, ки аз 24 то 29-уми март дар шаҳри Бодкант баргузор шуд, ба ин созиш расидаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Девон вазирони Қирғизистон ҳам бо нашри ин хабар гуфтааст, ҷонибҳо корро сари қитъаҳои боқимонда дар ҷаласаи навбатӣ идома медиҳанд. Ба иттилои мақомоти тоҷику қирғиз қарор аст мулоқоти оянда дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор шавад.

Ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар як соли ахир пайваста барои дақиқ кардани хатти марз мулоқот анҷом медиҳанд. Нимаҳои моҳи март аз муайян шудани 10,7 км хатти марз хабар дода шуд. Охири моҳи феврал ҷонибҳо хабар доданд, ки 1,11 километри дигари марзро дақиқ кардаанд. Дар моҳи январи имсол дарозии хатти муайяншудаи марзро 38,35 километр гуфта буданд.

Моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Ҷеэнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфта буд, ки ду ҷониб дар чор моҳ 196 километр хатти марзро муайян кардаанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр аст, ки бештари он пас аз пошхӯрии шӯравӣ аломатгузорӣ нашуда буд. Соли 2022 мақомоти ду кишвар эълон карда буданд, ки 664 километри марзи ду кишварро муайян кардаанд.

Номуайянӣ дар хатти марз борҳо боиси ҷангу хунрезӣ дар сарҳади ду кишвар шуда буд.

XS
SM
MD
LG