Ссылки доступа

Ширкати чинии ТВЕА барои таъмири маркази гармидиҳии Бишкек мутахассис мефиристад


Таалайбек Иброев, вазири энержии Қирғизистон рӯзи 31 март бо мудири ширкати чинии TBEA Чжан Синем дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Онҳо масъалаи афзоиши иқтидори барқу гармидиҳии қисмати таҷдидшудаи марказ ва ҳамчунин масъалаи таъмири қисматҳои дигари онро баррасӣ кардаанд.

Ширкати ТВЕА ваъда кардааст, ки мутахассисони худро барои таъмири қисматҳои №3 ва №4 маркази гармидиҳӣ мефиристад.

Ширкати чинии ТВЕА солҳои 2014 ва 2017 қисме аз маркази гармидиҳии Бишкекро таъмиру таҷдид карда буд.

Шаби 1 ба 2 феврали соли ҷорӣ дар маркази гармидиҳӣ садама рух дод, ки дар натиҷаи он аксари сокинони Бишкек қариб як шабонарӯз бе обу гармӣ монданд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, садама дар натиҷаи таркиш дар дастгоҳҳои таъмини ангишт рух додааст. Додситонии шаҳри Бишкек дар пайи он садама чанд парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG