Наздикони зан дар ин ҳодиса шавҳарашро гунаҳкор мекунанд. Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дода, ки ҳодиса 27 март рух додааст.
Ба гуфтаи наздикони зан, сокини Бекободро шавҳараш пайваста латтукӯб мекардааст. Зан борҳо ба пулис муроҷиат карда, вале зидди шавҳараш чорае наандешидаанд.
Дар бадани зан, ки ҳоло аз ӯ ду кудаки 6 ва 2-сола боқӣ мондааст, осори латтукӯб мушоҳида шудааст. Ҳодисаро додситонии Бекобод тафтиш мекунад.