Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ дода, ки ин тасмим 29 март бо дархости шаҳрдории пойтахти Қирғизистон гирифта шудааст.
Ҳаминтариқ, дар майдони "Ала-Тоо", назди биноҳои порлумон, маъмурияти президент, Додгоҳи олӣ, сафорати Русия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, боғҳои ба номи Панфилов ва Турсунбоеваи Бишкек баргузор кардани ҷамъомадҳои осоишта аз 1 апрел то 30 июни соли равон манъ хоҳад буд.
Баргузории ҳамаи ҷамъомадҳои осоишта ба монанди пеш дар боғи ба номи Горкий иҷозат хоҳад буд.
Додгоҳи Якуми май бори нахуст аз қарори маҳдудияти баргузории ҷамъомадҳои осоишта дар маркази Бишкек моҳи марти соли 2022 ҷонибдорӣ карда буд ва ин қарор то кунун чандин бор тамдид шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании Қирғизистон ин қарорро ғайриқонунӣ меноманд.