Ссылки доступа

Боздошти узбекистониҳое, ки мехостанд одамонро ба Амрико баранд


Чанд сокини вилояти Навоии Узбекистон, ки ваъдаи расонидани дигарон ба Амрикоро тавассути Мексика дода буданд, бо гумони қаллобӣ дастгир шудаанд.

Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо маъмурони Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар сокини Навоӣ А.К.-ро ҳангоми гирифтани 20 ҳазор доллар аз шаҳрванд Б.Б. дастгир карданд.

Ба иттилои додситонӣ, боздоштшуда ба Б.Б. ваъда додааст, ки ӯро бар ивази ин маблағ барои кор ба Амрико мефиристад.

Дар натиҷаи як амалиёт дар шаҳри Навоӣ сокини маҳаллӣ С.Т. низ бо иттиҳоми ҳамсон ҳангоми гирифтани 14 000 доллар аз шаҳрванд М.Ш. боздошт шудааст. Зидди боздоштшудаҳо бо гумони қаллобӣ ва додани ришва парванда боз кардаанд.

Қаблан расонаҳо навиштанд, 74 шаҳрванди Узбекистон, ки тариқи Мексика ба ИМА ғайриқонунӣ рафта буданд, ба ватан баргардонида шуданд.

Пештар расонаҳо навишта буданд, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG