Ссылки доступа

Вазири пешини Қазоқистон аз хешовандони ҳамсараш узр хост


Рӯзи 1 апрел баррасии парвандаи Куандик Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди Қазоқистон бо айби куштори ҳамсараш идома кард.

Додгоҳ бо пурсиши Бишимбоев оғоз шуд. Вазири пешини аз хешовандони ҳамсараш узрхоҳӣ кард.

"Дар лаҳзаҳои аввал қабули марги вай барои ман душвор буд. Ман мехоҳам узрхоҳӣ кунам. Ман умедвори бахшоиш нестам, вале ин вазифаи ман аст. Ман мефаҳмам, ки ин талафоти ҷуброннопазир аст ва дар он ман даст дорам", - гуфт Бишимбоев.

Бишимбоев дар идома афзуд, ки "барқасдона накуштааст. Чунин рафтор ва андешаро дар зеҳн надошт".

Вай илова кард, ки муносибатҳояш бо ҳамсари ҳамакнун кушташудааш - Салтанат Нукунова баъди як акс бо шарики тиҷоратиаш дар утоқи корӣ бад шуд.

Додгоҳи шаҳри Остона 27 март баррасии парвандаи вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоевро оғоз кард.

Баррасии парванда бо иштироки мушовирони халқӣ сурат мегирад. Бишимбоев дар мурофиа нахустин худро бегуноҳ номида, гуфт, қасди кушторро надошт.

Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистонро додгоҳи шаҳри Остона 11 ноябри соли 2023 бо гумони қатли ҳамсараш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд. Аз рӯи ин иттиҳом Бишимбоев мумкин аст, то 15 сол зиндон шавад.

Куандик Бишимбоев моҳи марти соли 2018 бо ҷурми фасодкорӣ дар даврони роҳбари ширкати миллии "Байтерек" буданаш, 10 сол зиндонӣ шуда буд. Аммо чанд нафари айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур бо ҷониби айбдоркунанда мувофиқат карда, нисбатан ҷазои сабуктар гирифтанд. Бишимбоев айбҳои эълоншударо рад кард.

Вазири пешин моҳи январи соли 2017 боздошт шуд. Вай яке аз ҷавонтарин вазирони ҳукумати Қазоқистон буд. Бишимбоев ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мақоми вазирӣ таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG