Ба иттилои мақомоти додситонии Узбекистон, сокини маҳаллаи "Қушхона" дар шаҳри Шаҳрисабз У.Ш. наздики соатҳои 15:00 дар қаҳвахонаи "Лола" бо ошнои худ Р.Ш. мулоқот карда, шароб нӯшидаанд ва баъди як соат ба маҳаллаи "Синабоғ" рафта, Тура Авлақуловро мулоқот кардаанд.
Се нафарӣ онҳо соати 19:30 дақиқа ба қаҳвахонае дар маҳаллаи "Оқдарё" рафта шароб нӯшидаанд. Сари пардохти ҳаққи ғизову шароб байни онҳо баҳс шудааст.
У.Ш. аз мошинаш таппончаи худсохтро гирифта, дар сари Авлақулов тир холӣ ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Авлақулов дар бемористон бистарӣ ва баъди ду рӯзи ҳодиса фавтидааст.
Мақомот У.Ш.-ро боздошт кардаанд.