Хабаргузории “Kun.uz” бо истинод ба додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон иттилоъ дод, ки руҳонӣ дар “Майдаавбошӣ” ва “Иҷро накардани талаби қонунии корманди ҳифзи ҳуқуқ” гунаҳкор дониста шудааст.
Маъмурони пулис ва Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон рӯзи 30 март барои пайдо кардани шахсе, ки таҳти пайгард қарор дошт, ба хонаи руҳонӣ рафтаанд ва гӯиё Ортиқхоҷаев нисбат ба онҳо “рафтори ношоиста” кардааст.
“Ортиқхоҷаев оромии шахсонеро, ки аз роҳ мегузаштанд халалдор кард. Вай фарёд зад, ки “ман террорист нестам, ман зидди сиёсат нестам ва ман ҷинояткор нестам”. Ӯ талаби кормандони ҳифзи ҳуқуқро, ки хостаанд, телефонашро диҳад, иҷро накардааст”, - навиштаанд расонаҳо.
Идораи мусулмонони Узбекистон қаблан Ортиқхоҷаевро барои изҳоротҳои тундаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо ҳушдор дода, моҳи январи соли 2022 ӯро аз муовинии имоми масҷиди “Фатҳ”-и ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд барканор карда буд.