Ссылки доступа

Ҳудуди 16 ҳазор сокини Қазоқистон дар пайи обхезӣ хонаҳои худро тарк кардаанд


Муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Бауржан Сиздиков рӯзи 2 апрел дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, вазъ дар чандин вилояти ин кишвар дар пайи обхезиҳои ахир мушкил боқӣ мемонад.

"Дар минтақаҳои ғарбӣ камтар поин рафтани сатҳи об ва дар қисматҳои марказӣ, шимоливу шарқии кишвар, баръакс, болоравии шадиди сатҳи оби дарёҳо мушоҳида мешавад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Сиздиков, корҳои наҷотдиҳӣ дар минтақаҳои осебдида ҳанӯз ҳам ҷараён дошта, вазъ дар вилоятҳои Оқтеппа, Костанай ва Қазоқистони Ғарбӣ мушкил боқӣ мемонад.

Мансабдори қазоқ афзуд, ки дар пайи обхезиҳои ахир ҷамъан 15 786 нафар, аз ҷумла 6187 кудак ба ҷойҳои бехавф кучонида шудааст.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, дар ҳоли ҳозир дар 5 вилояти ин кишвар ҷамъан 1405 хона зери об қарор дорад.

XS
SM
MD
LG