Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки созмонҳои ғайритиҷорӣ дар Қирғизистон то қабули ин қонун дар ҷойе қайд намешуданд ва дар бораи фаъолияти худ ба ниҳоде ҳам ҳисобот намедоданд.
"Онҳо танҳо ҳисоби бонкӣ кушода, аз сармоягузорони хориҷӣ пул мегирифтанд ва мувофиқи салоҳдиди худ, аз ҷумла барои мақсадҳои шахсияшон истифода мекарданд. Минбаъд онҳо низ ба монанди дигарон дар Вазорати адлия сабти ном мешаванд. Акнун онҳо ошкоро фаъолият хоҳанд кард ва ба мисли пешин, бесарусомонӣ нахоҳад шуд”, - афзудааст Ҷабборов.
Президенти Қирғизистон намояндагони созмонҳои ғайридавлатиро ба он гунаҳкор кард, ки гӯиё сармоягузорони хориҷиро фиреб медоданд ва бинобар ин, зидди қабули қонуни мазкур буданд.
Ворлумони Қирғизистон рӯзи 14 март тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро қабул кард.
Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд.
Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" гуфт, қабули қонун роҳро барои дахолати беасос ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ҳамвор мекунад.