Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар тазоҳурот ҳудуди 100 ронандае, ки аз Чин бор меоранд, иштирок доранд.
Ба гуфтаи ронандаҳо, вақтҳои ахир интиқоли бор аз Чин ба Узбекистон мушкил шудааст. Зеро ниҳодҳои давлатии Узбекистон барои ворид кардани молу маҳсулот аз ронандагон иҷозатнома талаб мекунанд.
Ронандагон мегӯянд, Қирғизистон низ аз ронандагони Узбекистон бояд чунин иҷозатнома талаб кунад. Таҷаммуъгарон талаб доранд, ки вазири нақлиёт ва иртиботи Қирғизистон бо онҳо мулоқот кунад.
Мақомоти Узбекистон аз 1 апрели имсол талаби иҷозатномаи махсус аз ронандагони мошинҳои боркаши Қирғизистонро, ки ба ин кишвар молу маҳсулот ворид мекунанд, шуруъ кардаанд.