Ссылки доступа

Боздошти як тоҷикистонӣ бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Истамбул


Як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ аз номи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шудааст.

Хабаргузории "IHA" иттилоъ дода, ки пулиси Истамбул ҳамроҳи шаҳрванди Тоҷикистон як зани қирғизистониро низ дастгир кардааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки Хадамоти зиддиҷосусии Туркия дар натиҷаи пайгирии шохаи ДИ тасмим грифтааст, ки шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шаҳрванди 41-солаи Қирғизистон Зулфия С. боздошт карда шаванд.

Ҳангоми бозҷӯӣ аз таҳхонаи манзили зисте, ки гумонбарон дар он ба сар мебурданд, либос ва ҷавшан ё бронжилети пулис, дастгоҳи иртиботӣ ва таҷҳизоти дигар пайдо шудааст.

Гумонбарон ҳангоми бозпурсӣ иқрор кардаанд, ки барои амалиёти хушунатомез омодагӣ медиданд. Ҷузъиёти дигар ифшо намешавад.

Тибқи қарори Додситонии кулли Туркия, шаҳрванди Тоҷикистон ҳабс ва шарикаш ихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG