Ссылки доступа

Узбекистон харҷи муҳоҷиронашро қисман ҷуброн мекунад


Харҷи муҳоҷирони кории Узбекистон барои дарёфти раводиди корӣ, билетҳои сафар ва имтиҳони забони хориҷӣ аз ин пас қисман ҷуброн мешавад.

Дар ин бора зимни муаррифии пешниҳодҳо ба президенти Узбекистон хабар дода шуд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, шаҳрванде, ки шаҳодатномаи байналмилалӣ ё санади баробар ба онро дар бораи донистани забони хориҷӣ соҳиб мешавад, 50 дарсади пули харҷ кардааш ба омӯзиши забон пардохт мегардад.

Қарор аст, дар сафорат ва консулгариҳои Узбекистон дар Бритониё, Олмон, Лаҳистон, Маҷористон ва Ҷопон вазифаи атташе дар умури муҳоҷират таъсис дода шавад. Дар сафорати Узбекистон дар Арабистони Саудӣ намояндаи Оҷонси муҳоҷирати хориҷии ин кишвар фаъолият хоҳад кард.

Дар ҳамаи сафоратхона ва вазоратҳои Узбекистон барои ҳалли фаврии мушкили муҳоҷирон телефони боварии шабонарӯзӣ ташкил карда мешавад.

Корхонаҳои маҳаллие, ки муҳоҷирони баргаштаро ба кор қабул мекунад, ҳар моҳ барои як корманд аз Бунёди дастгирии шуғли аҳолӣ 500 ҳазор сӯм кумакпулӣ дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG