Ссылки доступа

Қонуни "намояндагони хориҷӣ" метавонад монеи кумакҳои Амрико ба Қирғизистон шавад


Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Мэтю Миллер қабули қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" дар Қирғизистонро шарҳ дод.

Ин изҳороти Миллерро сафорати ИМА дар Қирғизистон 3 апрел нашр кард. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон аз қабули ин қонун, ки кори созмонҳои ғайриҳукуматиро барои демократитар кардани Қирғизистон зери хатар мегузорад, сахт нигарон аст.

"Ин яке аз охирин амалҳои силсилавии ҳукумати Қирғизистон аст, ки мудирияти демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар он кишвар халалдор мекунад", - изҳор доштааст ӯ.

Миллер афзуда, ки созмонҳои ғайридавлатӣ дар муттаҳид сохтани кори ҳукумат ва ҷомеа барои баланд бардоштани некуаҳволии сокинони Қирғизистон нақши муҳим доранд. Ӯ гуфт, қонун "Дар бораи намояндагони хориҷӣ" метавонад фаъолияти созмонҳоеро, ки ба мардуми Қирғизистон кумаки ҳаётӣ, аз ҷумла кумакҳоии Амрикоро мерасонанд, маҳдуд кунад ё аз байн барад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 2 апрел хабар дод, ки қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро имзо кардааст.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" гуфт, қабули қонун роҳро барои дахолати беасос ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ҳамвор мекунад.

XS
SM
MD
LG